ABNA24 : Маҷаллаи фаронсавии Charlie Hebdo чанде пеш карикатураҳои таҳқиромезро дар бораи Паёмбари гиромии Ислом (с) бо як амали бераҳмона дубора нашр кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , баъд аз судури паёми Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар маҳкум кардани тавҳин ба Паёмбари акрам ( с), гурӯҳҳои мухталиф барои баргузории роҳпаймоӣ ва таҷаммӯъи эътирозии эълом омодагӣ карданд .
Таҷаммӯи эътирозии мардуми Эрон бо риояти фосилагузории иҷтимоӣ баргузор хоҳад шуд .
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар паёме бо маҳкум кардани иҳонати ахири ин нашрияи фаронсавӣ ба соҳати нуронии Паёмбар( с ) эълом карданд, сиёсатҳои амиқани зидди исломии саҳюнистҳо ва давлатҳои истикборӣ омили ин гуна ҳаракатҳои душманона аст, ки ҳар чанд як бор буруз меёбад.
342/